FAQ

  • Аккаунт
  • Пурсишҳо
  • Баровардан
  • Барномаи рефералӣ
  • Рейтинг

FAQ

Почтаро чӣ тавр тасдиқ кардан мумкин аст?

1. Боварӣ ҳосил намоед, ки ҳангоми бақайдгирӣ суроғаи дурусти почтаи электрониро ворид кардаед.
2. Ҷузвдонҳои СПАМ, Фиристоданҳо ё ки ғайраро тафтиш кунед. Ё ки дар сатри ҷустуҷӯии почтаи электронӣ system@polls.expert ворид намоед.
3. Агар мактуб набошад, дар қисмати «Танзимот» ба ҳаволаи «БА МАН ЯК МАРОТИБАИ ДИГАР МАКТУБ ФИРИСТЕД» пахш кунед.

Ба аккаунт чӣ тавр даромадан мумкин аст, агар рамзро фаромуш карда бошам?

Чӣ бояд кард, агар тавассути шабакаи иҷтимоӣ даромада нашавад?

Аз протседураи барқароркунии рамз истифода бурдан лозим аст. Дар логин он почтаеро, ки ба он аккауни шумо дар шабакаи иҷтимоӣ пайваст карда шудааст, нишон диҳед.

Маълумотҳои профилро чӣ тавр бояд тағйир дод?

Дар танзимоти профил Ном, Насаб, Шаҳрро тағйир дода метавонед. Барои тағйирдиҳии маълумотҳои боқимонда шумо бояд ба хадамоти дастгирӣ муроҷиат кунед: help.fikr@polls.expert.

Рамзро чӣ тавр бояд тағйир дод?

Рамзро дар танзимоти профил ё ки тавассути истиноди зерин тағйир додан мумкин аст.

Обуна ба фиристоданро чӣ тавр бекор кардан мумкин аст?

Обуна ба фиристоданҳоро дар танзимоти огоҳиҳо дар утоқи шахсӣ бекор кардан мумкин аст.

Аккаунтро чӣ тавр нест кардан мумкин аст?

Аккаунтро дар танзимоти утоқи шахсӣ нест кардан мумкин аст. Ҳангоми несткунии аккаунт корканди маълумотҳои шахсии шумо қатъ мегардад. Барқарор кардани аккаунт имконнопазир аст.

Ааккаунтро чӣ тавр барқарор кардан мумкин аст?

Барқарор кардани аккаунт имконнопазир аст, зеро ҳангоми несткунии аккаунт корканди маълумотҳои шахсии шумо қатъ мегардад. Вале аккаунти навро ба почтаи дигар офарида метавонед.

Якчанд аккаунтҳоро офаридан мумкин аст?

Офаридани якчанд аккаунтҳои фаъол бо қоидаҳои лоиҳа манъ аст. Ин дар Созишномаи истифодабаранда нишон дода шудааст. Чунин аккаунтҳо ҳатто бо тавозуни мусбӣ низ мамнӯъ карда шуда, баровардани маблағ бошад, имконнопазир мешавад.

Пурсишҳо барои чӣ лозиманд?

Иштирок дар пурсишҳо – ҳиссаи муҳим аст. Бо шарофати шумо ширкатҳо рушд ва такмил меёбанд, олам бошад, беҳтар мешавад.
Бо иштирок кардан дар пурсишҳо, ба тамғаҳои маҳсулот, хадамот, дизайни бандубаст баҳо медиҳед, нархҳоро муқаррар мекунед ва ғояҳои муҳимро мубодила мекунед. Барои ин мукофот мегиред.

Даъватномаҳо ба пурсиш ба куҷо меоянд?

Ба Telegram ё ки тавассути почтаи электронӣ.
Аслан ҳамаи пурсишҳо ба почтаи шумо меоянд.
Барои гирифтани пурсишҳо ба Telegram, онро дар ин ҷо пайваст кунед.

Пурсишҳо чанд қадар зуд-зуд меоянд?

Даъватномаҳо ба пурсиш ба таври тасодуфӣ меоянд. Мешавад, ки якчанд маротиба дар як рӯз, боз мешавад – дар 1-2 ҳафта ягон пурсиш нест.

Маслиҳат: пурсишҳои профилиро мунтазам нав кунед, то ки пурсишҳо зудтар оянд.
Ба Telegram пурсишҳо зудтар меоянд, обуна шавед.

Пурсишҳои мутобиқро чӣ тавр бештар гирифтан мумкин аст?

Қисмати Профилро мунтазам пур нав кунед. Ҷавобҳои шумо ба мо барои саҳеҳтар интихоб кардани пурсишҳо ёрӣ медиҳанд. Ҳатто тағйиротҳои ночиз ҳолатро ба 180º гардонида метавонанд.

Барои чӣ пурсиш пардохт нашуд?

Мо холҳоро барои он пурсишҳо ҳисоб мекунем, ки шумо то охир гузаштаед.

Ҳолати пурсиш «Мувофиқ наомад» чӣ маъно дорад?

Ин маънои онро дорад, ки ба пурсиш иштирокчиёни дигар бо шавқмандиҳо ва афзалиятҳои дигар лозиманд. Ё ки миқдори зарурии иштирокчиёни гурӯҳи шумо ҷамъ карда шудааст.

Чӣ бояд кард, агар пурсиш хато дошта бошад?

1. Дар дастгоҳи худ VPN-ро хомӯш кунед.
2. Мамнӯъкунандаи рекламаро дар браузери худ хомӯш кунед.
3. Дар браузери худ кэшро тоза кунед.
4. Дар браузери худ cookie-ро тоза кунед.
5. Саҳифаро нав кунед.

Ин дар 99% ҳолатҳо ёрӣ медиҳад. Агар ин ёрӣ надиҳад, ба мо нависед: help.fikr@polls.expert. Мо ҳатман ҳамашро ислоҳ мекунем!

Чӣ мешавад, агар ба саволҳо ростқавлона ҷавоб надиҳӣ?

Система ҷавобҳои шуморо тафтиш мекунад. Масалан, агар шумо ба саволи тафтишӣ нодуруст ҷавоб диҳед, мо ин пурсишро ҳисоб намекунем.
Беш аз ин, пуркунии бардурӯғи пурсишҳо ба рейтинги шумо таъсир карда метавонад.
Муфассалтар дар бораи рейтинг дар ин ҷо.

Пулро чӣ тавр баровардан мумкин аст?

Аз 85 TJS ба тавозуни телефони мобилӣ баровардан мумкин аст.

Дархост барои баровардани маблағ чанд вақт коркард мешавад?

Дар давоми 14 рӯз аз лаҳзаи тасдиқ шудани он.

Дархостро чӣ тавр тасдиқ кардан мумкин аст?

Баъд аз офаридани дархост ба почтаи шумо барои тасдиқкунии он мактуб меояд. Дар мактуб ба тугмаи «Тасдиқ кардан» пахш кунед. Ҳамин тариқа, дархост тасдиқ карда мешавад ва барои коркард меравад.

Чӣ бояд кард, агар мактуб барои тасдиқкунии дархост наояд?

Ҷузвдонҳои Спам, Фиристоданҳо/Промоиқдомҳо, Нестгардидаҳо ва ғайраро тафтиш кунед. Ё ки дар сатри ҷустуҷӯии почтаи электронӣ system@polls.expert ворид намоед.
Агар мактуб набошад — ба мо нависед: help.fikr@polls.expert.

Дархостро чӣ тавр бояд бекор кард?

Барои бекоркунии дархост ба мо нависед: help.fikr@polls.expert.

Дӯстонро чӣ тавр бояд даъват намуд?

Ба қисмати «Дӯстро биёр» дароед, истиноди рефералиро нусхабардорӣ кунед ва онро ба дӯстон фиристед!

Барои дӯст чанд қадар TJS мегирам?

Барои ҳар як дӯст 3 TJS мегиред, вақте ки ӯ:
– почтаро тасдиқ кунад
– профилро пур кунад
– пурсиши аввалинро, бе назардошти профилӣ, бомуваффақият гузарад.

Дар куҷо дидан мумкин аст, ки чанд қадар дӯстонро даъват кардаам?

Рӯихати дӯстоне, ки шумо онҳоро тавассути истинод даъват кардед, дар қисмати «Дӯстро биёр» инъикос карда мешавад.

Барои чӣ дӯсти ман дар рӯихат нест?

Агар дӯсти шумо дар рӯихат набошад, ин маънои онро дорад, ки ӯ на тавассути истиноди шумо аз қайд гузаштааст.

Муҳим аст: ба бақайдгирӣ бе тағйир додани истинод дар браузер гузаштан лозим аст.

Барои чӣ барои дӯсти ман TJS ҳисоб накарданд?

Ин маънои онро дорад, ки дӯсти шумо ҳоло аз ягон пурсиш нагузаштааст. Вақте ки ӯ аз пурсиши аввалин (на профилӣ) мегузарад, TJS ба тавозуни шумо ҳисоб карда мешаванд.

Рейтинги аккаунт чист?

Рейтинг дараҷаи сифати ҷавобҳои шуморо мефаҳмонад. Ба мо муҳим аст, ки шумо пурсишҳоро ҳалолкорона, бодиққат ва фикр карда пур кунед.
Ҳангоми бақайдгирӣ рейтинги шумо — 100%.

Ба рейтинг чӣ таъсир мекунад?

Рейтинг чанд қадар баланд бошад, даъватномаҳо ҳамон қадар бештаранд. Рейтинг паст бошад — даъватномаҳо камтаранд.

Барои чӣ рейтинг паст шуда метавонад?

Рейтинг барои вайронкунии қоидаҳои гузаштан аз пурсиш паст карда шуда метавонад.

Масалан:
– ба саволҳои кушода нопурра ҷавоб медиҳед;
– дар ҷавобҳо суханҳои қабеҳ менависед;
– пурсишро хеле зуд ва бедиққат, бе хондани саволҳо пур мекунед.

Рейтингро чӣ тавр баланд кардан мумкин аст?

Агар шумо барои дар оянда ҳалолкорона ва фикр карда, саволҳоро хуб хонда ҷавоб додан ӯҳдадор шавед, мо рейтинги шуморо ЯК МАРОТИБА барқарор карда метавонем. Барои ин ба хадамоти дастгирӣ муроҷиат кардан лозим аст: help.fikr@polls.expert.

Чӣ бояд кард, агар рейтинг 0 бошад?

Агар рейтинг 0 бошад, рейтинг барои вайронкунии якчандкаратаи қоидаҳои гузаштани пурсишҳо паст карда шудааст. Дар ин ҳолат, мутаассифона, рейтингро барқарор карда наметавонем.